БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Фарҳанг ҳастии миллат ва пояи устувори давлат аст!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев дар назди иштирокчиён суханронӣ карда, афзуд, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёни худро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Дар қисмати амалии Аксияи тарғӣботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”  гирду атрофи корхонаро  дастаҷамъона аз партовҳо  тоза намуда, бехи дарахтони ороишию сояафканро нарм намуда, гулҳои ороишӣ  шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg