ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Шаҳдрез» бо бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Суфиев Талбон бо иштироки сокнинон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Яқӌоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, дар он сохтмони чойхона барои сокинони деҳот оӻоз оғоз карда шуд. Чойхонаи мазкур дорои як толор ва як анӌомхона буда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати болопӯши он идома дорад.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, бо сокинони деҳот оид ба вусъат додани корҳои созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ суҳбат оростанд.
Қайд кардан зарур аст, ки боибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳдрез» дар соли сипаригардида, аз ҳисоби сокинони деҳа 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, айни замон боз барои сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ таҳкурсӣ гузошта шудааст. Чунин корҳои ободониву созандагӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар партави Аксияи ҳизбӣидома дошта, сокинон ният доранд ҷашнҳои дарпешистодаи давлату миллатро ба дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.