БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳал оғоз мешавад!

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Мулкон”-и ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф баромад намуда, қайд кард, ки ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, пас ҳар як нафарро зарур аст  барои ободии деҳаву маҳаллаи хеш, тозаю озода намудани гирду атрофи  хонаҳои истиқоматӣ, шинонидани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва гулҳои гуногуни ороишӣ кӯшиш намуда, дар бунёдкориву созандагӣ баҳри рушди деҳаи худ   саҳми арзанда гузоранд.

Мақсаду ҳадафи Пешвои миллат барои эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз он иборат аст, ки дар баробари тараққӣ  кардани шаҳру марказҳои ноҳия, деҳаҳо низ рушд намуда, аз мадди назари масъулин  дур намонда, ба ин васила рушди инфрасохтор низ дар деҳаҳо  ба назар гирифта шавад.

Ҳамчунин,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Муродова Марҷона оид ба мавзӯъҳои болозикр ва шарҳу тавзеҳи Паём суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо вақти он расидааст, ки бояд  ҷавонону занонро соҳибмаълумот гардонида, дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ, ҳунару ҳунармандӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бештар ба роҳ монда,  вазифаи ҳар як шахси ба нангу ор аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ  тарбия  намояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg