НОРАК.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.
Аксияи ҳизбӣ бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” Садриддин Ҳакимов роҳандозӣ карда шуда, дар он кормандони ташкилот ба рангубори берунии бинои маъмурӣ машғул шуданд.
Қабл аз баргузории Аксияи ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардида, дар он масъулин оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ободиву шукуфоии Ватан андешаронӣ намуданд.
Инчунин, зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ раиси ташкилоти номбурда кормандонро ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуда, қайд кард, ки ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, барои сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.