БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯр бод чашми душманони Тоҷикистони азизи мо!

ВОКУНИШ. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар майдони сиёсат гурӯҳҳои тундраву характери террористӣ - экстеремистӣ ворид шуданду ба сари халқу миллати тоҷик хоку хун рехтанд.

Мардумро фиреб дода, ба доми худ кашиданд ва ба ҷангу нобудӣ мубаддал намуданд. Ин авомфиронбон бо ғояҳои ҷанобони хориҷии худ фаъолият мебурданд, ки дар натиҷаи ин рафтори террористӣ-экстеремистии худ ҳазорон шаҳрвандро қатл ва сайди сиёсати нопоки худ қарор доданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми шарифи миллати мо тавонистанд аз ҳама  ин бумбаст бо муборизаҳои шадиди ҷонӣ миллату халқи хешро ҳифз ва амниятошонро устувор карданд. Аз ҷурми тарафайн гузашт карда, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва дар сари як дастархон нишаста, оши оштиву дӯстӣ тановвул намуданд. Аммо ин хоинону бегонапарастон қадри нону намаки мардумро поси хотир накарда, боз аз сари нав ба хоҷагони худ хизматро пешаи мувофиқ донистанд. Бархе аз ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба доми худ гирифта, оқибат ба муқобили халқу миллат  бархестанд.

Ин хиёнаткорон, ки дар зери фишори хоҷагони хориҷии худ қарор гирифтаанд, мехоҳанд бори дигар бо фаъолияти террористӣ – экстеремистии худ фазои орому осудаи халқу миллати моро ноором созанд. Ин ғуломтабиатҳо ғуломиро аз озодӣ авло дониста, мехоҳанд боз мардумро ба куштору ҷанг даъват намоянд. Зеро ғулом қобилияти фикри худро надорад, соҳибаш чигуна амр намояд онро иҷро мекунад. Маҳз ТЭТ ҲНИ ва муридони ӯ аз байн бурдани Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додаанд.

Бо ақидаи ифротии худ афродеро ба доми гумроҳӣ кашида, онҳоро аз роҳу равиши зиндагии осудаи худ монданд. Бахше аз аъзои худро бо рафтори террористӣ – экстеремистӣ ба қатл расондаанд ва ними дигари онҳоро ба муҳлатҳои гуногун ба ҳабс гирифтор намуданд.

Акнун худро қаҳрамон пиндошта аз хориҷи мамлакат садо баланд мекунанд. Аз зумраи онҳо дусти наздикӣ мулло Кабирӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчун иғвогар бо мақсадҳои ғаразнокаш мехоҳад ҷомеаи моро вайрон кунад.

Лек мо халқи тоҷик бар муқобили ин турфа хоинон сар мебарорем ва бо як овоз мегуем, ки кӯр бод чашми душманони Тоҷикистон!

Мо шаҳрвандони ин сарзамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, барои боз ҳам шукуфоии Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем.

Хоҷаев Сайҷамол,  Узви Гӯруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg