БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робита бо маҳалро сокинон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд

ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ҷамоати деҳоти Танобчӣ бо сокинон баргузор гардид.

20180213_102854.jpgДар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсаид Раҷабзода иштирок дошта,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Аз ҷумла  мавсуф қайд кард, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти ҳизбиён мебошад.

Дар вохӯрӣ бо пешниҳоди  Маҳмадсаид Раҷабзода сокинони ҳамин ҷамоат Толибҷон Сатторовро раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карданд ва ҳамзамон даҳ нафар сокинони ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg