Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоёв Хизирдин дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Ҷамоати деҳоти Халевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Пешвои миллат ва Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёси баргузор гардид.
Масъулин оид ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», инчунин оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.
Баъди анҷоми мулоқот, дар қисмати иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби Исломова Гулҷаҳон ба як нафар ятими кул ба маблағи яксаду шаст сомонӣ либос харидори карда туҳфа намуданд.