БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии маҳал мароми мост!

БОХТАР.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷаш 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ ободу зебо намудани маҳал ва ҷиҳати иҷрои қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ рангу оҳак кардани қисмати берунии дару деворҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматии ҳудуди маҳалла доир гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии  ҲХДТ Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва ташкилии Кумитаи иҷроия дар шаҳри Бохтар Исоев Фаррух иштирок доштанд. Дар рафти чорабинӣ гуфта шуд, ки ободу зебо намудани як гӯшаи Ватан вазифаи ҳар як шахс буда, рушд ва пешрафти он аз ободонии он вобастагӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg