
А.ҶОМӢ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ободониву созандагӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия корҳои ободонӣ гузаронида шуд.
Инчунин, дар ин раванд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Аксияи ҳизбиро дар амал татбиқ намуда, дар боғи фарҳангию фарогатии ноҳия ҳашари умуминоҳиявиро доир карда, баҳри ободии диёри худ камари ҳиммат бастанд.
Чунин иқдомҳои созанда аз ҷониби фаъолони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ пайваста анҷом дода мешавад.