БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Артиши миллӣ -такягоҳи боэътимоди давлату миллат

Н.ХУСРАВ. Тибқи  нақшаи  кории  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо иштироки намояндагии ТҶҶ “ Созандагони  Ватан”  дар  ҳамкорӣ  бо ташкилотҳои  ибтидоии “Заминсоз”  ва  “Хоҷагии  ҷангал”-и  ноҳия, ҷиҳати  омодагӣ  ва  истиқболи  Рӯзи   таъсисёбии  Артиши  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вохӯрии  ҷавонону  наврасони  ноҳияро ҷиҳати  ошноӣ   бо  вазъи  хизмат  ва  шароитҳои  хизмати  ҳарбӣ  ба  муносибати   Рӯзи таъсисёбии  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  қисми  низомии  дидбонгоҳи  сарҳадии  “Сангоба”, ки  дар  ҳудуди  ноҳия  ҷойгир  аст,  ташриф  оварданд.

Бо ташаббуси Кумитаи  ичроияи ноҳиявии ҲХДТ, аъзои  фаъоли  ҲХДТ  ба ифтихори  26-умин  солгарди  Рӯзи  таъсисёбии  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба сарбозону  афсарони  қисми  низомӣ  дастархони  идона  ороста  шуд.  Инчунин, ба  сарбозон  туҳфаҳои  хотиравӣ такдим  карда  шуда, бо барномаи рангини   ташкилоти  ибтидоии  “Бахши  фарҳанг”-и  ноҳия хотири сарбозону афсарон шод гардонида шуд.

    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg