БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – тарғибгари анъанаҳои миллӣ дар маҳал мебошад!

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёд» Одинаев Ойаҳмад дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» 500 метр роҳи мошингарди деҳа тахту ҳамвор ва бо дастгирии аҳли деҳа сангфарш карда шуд.

Ҳангоми вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, нчунин мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, тахту ҳамвор ва сангфаршу мумфарш кардани роҳҳо бояд ҳал карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg