ФАРХОР. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атрофи бинои маъмурии Кумитаи иҷроии ноҳиявии ҲХДТ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар, аз сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободонӣ, аз ҷумла нарму мулоим кардани бехи гулҳои ороишӣ, дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва замини назди бино саҳм арзанда гузоштанд.