БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ тараннумгари фарҳангӣ миллии мост

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор гашта истодааст.

Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия бо занони ҳунарманд вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Лола Сулаймонова иштирок дошта, дар назди иштирокдорон  оид ба эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши  касбу ҳунарҳои миллӣ, дар пояи меҳру садоқат ба Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром он, тарбияи  намудани насли наврас ва омода кардани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона суханронӣ  намуд. Иштирокдорон суханрониҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, изҳор доштанд, ки чунин ҷамъомаду  вохӯриҳои судманд бештар ташкилу баргузор карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg