БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон - парчамбардорони ояндаи давлат ва миллати тоҷик мебошанд!

ПАНҶ.Таҳти ҳамин шиор бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” бо аъзоён ва фаъолони ҳизб мулоқот доир гардид. Аслан кормандони ин муассисаи варзиширо ҷавонон ташкил менамуданд, мавзўъ низ дар ин робита интихоб гардид.

Нахуст Ҳошимов Тоҳир – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ мулоқотро оғоз  намуда, оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки дар он муҳимтарин ҷанбаҳои  вазифавии сохторҳои ҳизбӣ дар таълиму тарбия ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи ҷавонони кишвар муайян шудааст иброзӣ андеша намуд. Ҷавонони кишвар - парчамбардорони ояндаи давлат ва миллати тоҷик  интихоб гардидаанд.

 Баъдан  оид ба татбиқи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ сухан рафта,  аз ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” даъват ба амал оварда шуд, ки наврасону ҷавонони ноҳияро дар рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва дўст доштани варзиш тарбия намоянд. Варзиш гарави саломатӣ буда, он ба шахс рўҳу илоҳими тоза мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд, ки рўҳи солим дар солим аст.

Дар ҷараёни вохўрӣ инчунин оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ шуд.

Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” дар боғи фархангӣ-фароғатии ноҳия як шанбегии умумӣ гузаронида дастаҷаъмона дар тоза кардани саҳни боғ, нарм кардани бехи дарахтон шинондани ниҳолҳои сояафкан машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg