БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ниҳолшинонӣ ва гулпарварӣ хоси мардуми бомаданият аст!

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориёнбонк» дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Сабзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Фирдавс Ғафурзода корҳои ободонӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Сабзалӣ Зоиров  ба саҳмгузорони Аксияи  ҳизбӣ миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иборат мебошад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" бо ташаббуси  ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” дар гирду атрофи бинои ташкилот гулҳои мавсимӣ шинонида шуда,  муовини раиси ташкилоти  ибтидоии  мазкур Ятимов Шамсиддин зикр кард, ки  то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ кормандони ташкилот ҳар рӯзи шанбе ба шанбегӣ баромада, саҳми худро дар ободу зебо гардонидани шаҳр гузошта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg