КУШОНИЁН. Ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” дар деҳаи Ғайратшо Давлатови ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён мардуми ватандӯсти деҳаи номбурда ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.
Ҳашарчиён дар сохтани пул, тоза кардани ҷӯйборҳои обгузар аз алафҳои бегона ва партовҳо саҳми худро гузоштанд.
Дар охир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мардуми деҳаро ҳамроҳӣ намуда, иштирокдорони корҳои ободониву созандагӣ маводҳои таблиғотии ҳизбиро дастрас карданд.