ВОСЕЪ. Татбиқи Аксияи ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» дар ноӽияи Восеъ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Ин навбат Аксияи ӽизбӣ дар деӽаи Элмурод Хоҷаеви ҷамоат деӽоти Миралӣ Маӽмадалиеви ноӽияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия Сафарова Ӽафиза, муовини раиси Кумитаи иҷроия Шаӽноза Раҷабова корҳои созандагӣ баргузор гардид.
Иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ гирду атрофи деҳаро ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳои обгузарро аз ҳар гуна алафу партовҳои бегона тоза карданд, бехӽои дарахтонро нарм карда, барои сабзгардонии деҳаи номбурда зиёда аз 50 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд, ки барои сарсабзу обод шудани деҳаи худ саҳм гузоштанд.