БОХТАР. Тибқи нақшаи тасдиқшудани Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи ба номи Ҷамила Мирзоқодирова ҷиҳати амалигардонии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ чорабинӣ доир гардидид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Бохтар Асадуллозода Ватан, мутахассиси шуъаи баҳисобгирӣ ва ташкилӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд. Дар рафти баргузории чорабинии мазкур иштирокдорон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ зери дарахтонро нарм намуда, гулҳои гуногун шинонида, қисмати поёнии дарахтонро сафед карданд.
Пеш аз оғози корҳои ободонӣ Асадуллозода Ватан доир ба иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон намудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда, қайд кард, ки се ҷашни аҷдодии миллати тоҷик - Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз нав эҳё гардида, қадимтарин ҷашни ниёгони мо Наврӯз мақоми байналмилалиро касб кардааст.