БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ба мақсадҳои нопокаш нарасид!

ВОКУНИШ. Вазъи сиёсии ҷомеа ҳассос буда, нооромиҳо ва ҷангу даргириҳо, ки дар минтақаи гуногун сар мезананд, ба дигар кишварҳо бе таъсир намемонад.

Оид ба амалҳои ваҳшатовари ҷангу куштор, терроризму ифротгароӣ ва ғаразҳои нопоки   ТТЭ   ҲНИ, ки он тайи чор сол боз мамнуъ эълон гардидааст, дар воситаҳои ахбори омма силсилаи мақолаҳо чоп гардида, дар шабакаҳои телевизионӣ филмҳои мустанад намоиш дода шудаанд. Тавассути чеҳраҳои баду манфури ин тоифа, ғаразҳои нопоку палидашон, ғасби ҳокимияти конститутсионӣ, куштори чеҳраҳои намоёни миллат аз амалҳои зишти ифротиён бозгӯӣ менамоянд.

Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо ҷавонон  афтода, аз ин гуна домҳои макру фиреб раҳоӣ ёфта наметавонанд. ТТЭ ҲНИ бо хоҷагони хориҷии худ дар зери ниқоб забон як карда, нақшаҳои нопоки худро роҳандозӣ менамоянд.

Ҷавонон ҳамчун фаъолтарин аъзои ҷомеа бештар аз воқеъаҳои гуногун огоҳӣ дошта, кӯшиш менамоянд то ҷое таъсиррасони он бошанд. Чунин кӯшишҳо гоҳо ҷавононро ба роҳи хато, ба сарҳади гумроҳӣ низ мебаранд, ки ин ҳолатро мо дар мисоли воқеъаҳои нангини солҳои 90-ум мушоҳида намуда будем.

Ҷавонони дорои хулқу атвори нек ва писандида низ дар кишварамон зиёданд, вале миёни онҳо роҳгумзадагон ва ба доми макру фиреб афтода ҳам ҳастанд.

Шоир дар ин бора гуфтааст:

Оби дарё бе хасу хошок нест,

Одамӣ аз айбу иллат пок нест.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ва Паёмҳои қаблӣ   қайд  намуданд, ки  афзоиши   хатари  терроризм  ва  экстремизм   дар  ҷаҳони  муосир  шиддат  гирифта,   таҳдидҳои  он  то  имрӯз ҳам  паст  нашудааст.

Пеш аз ҳама, бояд калонсолон дар чунин ҳолат бетараф набошанд. Онҳо назорати ҳамешагии худро ба рафтору кирдори ҷавонон вазифаи ҷонии худ ҳисобанд. На танҳо падару модар, балки тамоми аъзои ҷомеа , ки нисбат ба Ватану миллати худ арҷ мегузоранд, бояд ба ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд.

 

Шарипова Гулҷаҳон, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg