ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулрез»-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуӣ” эълон карда шудааст. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалиигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии деҳаю маҳаллаҳо мебошад. «Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияти нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худ татбиқкунии шаҳрванд шароити мусоид фароҳам меорем, омадааст дар Паёми Пешвои миллат.