БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ташкилоти ҳизбии «Соҳибкорон» соҳибкорони бовиҷдон муттаҳид шудаанд

ПАНҶ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созанда, ҳадафу мароми ҳизби раҳнамои ҷомеа дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Соҳибкорон» бо соҳибкорон ва фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид.

Узви ҲХДТ Шамсулло Машрабов оид ба сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон бармеояд, сухан намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон моҳияти аслии онро ба пуррагӣ дарк намуда, дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ онро бояд амалӣ намояд.

Дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, инчунин дар бораи ҷалби аъзои нав ба сафи ҲХДТ ва ба ин восита зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва лаёқатманд баён карда шуд.9999.JPG

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Музаффар Шомаҳмадзода оид ба муаррифии фарҳангӣ миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар ба оламиён, инчунин оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Cоли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори андеша кард. Пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрӯзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем.

Дар охир як чанд нафар фаъолони ташкилоти ибтидоии “Соҳибкорон” Раҷабгул Азизова ва Дилшод Лочинов суханронӣ карда, ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти он иброз дошта, ҳамчунин ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg