МӮЪМИНОБОД.Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии «Кумитаи замин» хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Саидаҳмад Латифов иштирок намуда, дар бораиогоҳонидани мардум аз хатараҳои ҷаҳони муосир, пешгирии шаҳрвандон, алалхусусҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ кормандонро даъват карданд.