БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Воситаи асосии пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб тарбияи дурусти фарзандон мебошад

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Орзуи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона суханронӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани маърифати онҳо аст. Аз ин рӯ, воситаи асосии пешгирӣ аз ин зуҳурот тарбияи дурусти фарзандон, пайваста огоҳ будан аз кору рафтори онҳо мебошад.

Ҳамзамон дар мулоқот аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла ба кор даромадани агрегати нахустини НБО “Роғун”, ки заминаи таъмини истиқлолияти энергеттикиро гузошт, эълон шудани ҳадафи чаҳоруми олӣ – саноатикунонии босуръати кишвар сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроия маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба сокинони деҳаи номбурда дастрас карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg