КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дилафрӯз» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дилафрӯз” Мирова Таманно иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Валиева Саъбагул изҳор кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст.
Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд.