БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиҳатии аҳолӣ пеш аз ҳама аз риояи қоидаҳои санитарӣ ва пешгирии бемориҳои сироятист!

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии коммуналии шаҳр» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он Ҳакимова Волида доир ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ дар мавриди шаҳру тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ баромад намуда қайд намуд, ки ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Агар ҳар яки мо чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунандаро сари вақт андешем, сафи гирифтори  бемориҳои сироятӣ ба маротиб кам мешавад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳамавақту ҳамазамон на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди бемориҳо эмин бошем ва нагузорем, ки бемориҳои сирояти гиребонгири вуҷуди мо бошад.

Дар идома раиси ташкилоти ҳизбӣ Мӯсоев Абдулқосим оид ба ҳолати санитарӣ ва сари вақт тоза намудани партовҷойҳо суханронӣ намуда масъалаҳои ҷориро баррасӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg