БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи хизмати он дар таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд

БАЛҶУВОН.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи” ноҳия аз бо иштироки кормандони  масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи  самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои  хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии  шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ интихоб гардида, нақшаи гузариши  иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ шуда истода, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи  Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз  афзоиш ёфт.

Дар охирчанде аз ҷамъомаданон  изҳор намуданд, ки ҳамарӯза  корҳои таблиғотиву ташвиқотиро оид ба  пардохти саривақтии  нерӯи барқ  ва истифодаи  сарфаҷӯёнаи  он  миёни сокинон  роҳандозӣ карда, ният дорем, ки дар ин замина ба ҳадафҳои назарас ноил гардем.

 

 

                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg