ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №3» доир гардид.
Дар мулоқот оиди се дастоварди муҳими соли 2018-қабули Барномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028, истифода додани чархаи якуми НБО-и Роғун ва барқарор шудани муносибатҳои ҳасана байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан ронданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии мамлакат ҳаматарафа мавриди шарҳу тавзеҳ қарор ёфт.
Дар охир ба ҳамагон тақвимҳои кисагӣ бо акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.