БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-тарғибгари корҳои ободонӣ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихӣ!

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби варзиши»-и ноҳия бо иштироки мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем» ва ҳамчунин оид ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Наврӯзи байналмиллаӣ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Баъди чорабинӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем" бо иштироки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии "Мактаби варзишӣ" корҳои ободонию кабутизоркунӣ аз қабили тоза кардани Майдони варзишӣ аз алафҳои бегона, партобҳо ва ба тартиб даровардани гулҳои ороишии назди минбарҳои нишастӣ Майдони варзиши рохандозӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg