БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ дар иҷрои амалҳои хайрхоҳона пешсаф аст!

ХОВАЛИНГ.Дар асоси дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои амали хайрхоҳона Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар арафаи ҷашну маъракаҳо ятимон, одамони яккаю танҳо, пирону барҷомондаро мувофиқи имконот аз ҷиҳати моддӣ ва бо додани маблағи пулӣ дастгирӣ менамояд.

Дар арафаи таҷлили 26 -умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иқдоми ватандӯстона роҳандозӣ карда шуда, ба 10  нафар эҳтиёҷмандон, шахсони бемор ва яккаю танҳо ба миқдори 50 сомонӣ ёрии пулӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg