БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-тарғибгари ҳифзи саломатии мардум

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Донишомӯзон» таҳти унвони “Паём-тарғибгари ҳифзи саломатӣ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Савзалӣ Зоиров ва Муслима Ғуриева вохӯрӣ доир гардид.    

Масъулин зимни сухарониҳо қайд карданд, ки Паём ҳамчун дастурамали ҳидоятӣ мардуми кишвари азизи моро ба зиндагии шоиста расонда,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро дар ин самт босуръат пеш бурда истодааст. Инчунин, оид ба эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори андеша ва вазифагузорӣ карда шуд.SAM_9142_0.JPG                     

Ҳамзамон, нуктаҳои муҳими самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии майли бегонапарастии ҷавонон таҳлилу баррасӣ карда шуданд.       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg