БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза зидди таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ муҳим аст!

ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон  ва дар доираи татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо максади баланд бардоштани масъулияти шаҳрванди дар ташкилоти ибтидоии Гулистон 1-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат вохӯрии навбатиро бо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб доир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, нуқтаҳои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот дар бораи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи соли нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешаронӣ шуд.  Дар замони ҳозира  тассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст. Надоштани маълумоти дурусти динӣ ва аз фарҳангу маърифати инсонӣ бехабар будан боис мегардад, ки афроди дурусти ҷомеа ба чунин залолату хурофотҳо бовар кунанд ва аз он пайравӣ намоянд. Мубориза зидди таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо роҳи  баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба даст меояд- иброз дошт зимни суханронӣ  Файзиев Каримҷон.

Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию  амалии Аксияи  ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси кормандони аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия сокинони маҳал ба ҳашари дастаҷаъмона баромад, дар 2 тарафи кӯчаҳои маҳалла дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонда, ҷӯю обравҳоро аз партовҳо тоза намуданд. Дар охир  ба иштирокдрони Аксияи ҳизбӣ нашри махсуси “Ҳамрози халқ” дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg