
КУШОНИЁН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Баракати замин”– и ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳия мулоқоти навбатии худро баргузор намуданд.
Масъулин зимнан оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб суҳбат намуда, сипас ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб Аксияи ҳизбӣро роҳнадозӣ карда, ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа Сатторова Қурбонгул, Абророва Маълунбӣ ва Забирова Азима маводҳои хӯрока, аз қабили орд, картошка, равған, сабзӣ ва пиёз ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмак расониданд.