БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҳар яки мо аз муҳити зисти мо вобаста аст!

ЁВОН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нуробод” хониши  сиёсӣ ва шанбегӣ баргузор карда шуд, ки ҷавонон ва пирони рӯзгордида барои тозаву озода намудани роҳу ҷӯйборҳои маҳалла ва сафед намудани дарахтон камари ҳиммат бастанд.

Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбатҳои муфид доир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg