БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои ҳунарманд хона ҳам беҳтарин ҷойи кор аст

ЛЕВАКАНД. Дар толори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Леваканд тибқи нақшаи  кории  бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия семинар-машварати занони ҳунарманди хонашин ва бонувони соҳибкор баргузор гардид.

Дар кори семинар мудири шуъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии   вилояти Хатлон Зарнигор Бегова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Леваканд Фароғат Назарова ва дигар шахсони расмӣ  иштирок доштанд.

Фароғат Назарова дар назди иштирокдорон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд кард, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои муаззами мо дар Паёми имсолааш соли 2018-ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.  20180209_112906.jpg       

Ин паёмади неке буд ба бонувони ҳунарманд, ки аз ҷониби  Сарвари давлат ҳамчун армуғон пешкашӣ ҳар як соҳибкасб гардид. Вобаста ба ин ҳар як ҳунарманд дар самти фаъолияти кории худ бояд муаррифгар ва  нигоҳдорандаи фарҳангу тамаддуни  миллати худ гардад, иброз дошт Фароғат Назарова. 

Дигар баромадкунандагон низ  дар доираи сиёсати иҷтимоии  кишвар бо назардошти мақому мартабаи шоистаи бонувон  вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии занон аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз санадҳои муҳиме қабул ва татбиқ карда шуд, ки ҳадаф аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад, суханронӣ карданд.

Дар охир ба иштирокчиёни семинар-машварат маводҳои таблиғотии ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg