БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти дармондагонро гирифтан ин масъулияти ҳар як инсони бошараф аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк №45”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирддин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Асоев Хизирдин изҳор кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъалаҳои ҳаётии ҷомеаи имрӯзаи дохилу хориҷии кишварро фаро гирифта буд, ки воқеан як дастурамали омӯзишӣ ва корбариест барои хизматчиёни давлатӣ ва маҷмуи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа.

Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бо дастгирии роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк №45” Атавулозода А.И дар доираи иҷрои қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ба як нафар кӯдаки ятим Абдураҳимов Давлаталӣ ба маблағи 100 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg