БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кулли ҷавонони вилоятро ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Воқеан, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз ёфта, ин амал қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз садсолаҳо мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолиятӣ давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

Дар хотир бояд дошта, бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Бо дарки ин маънӣ, дар душвортарин лаҳзаҳо, ки ҳаёту мамоти тоҷику Тоҷикистон дар хатар буд, ба ҳама монеаву мушкилот нигоҳ накарда, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ин росто Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид қайд намудаанд, ки “Қувваҳои мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд”.

Бо дарки ин маънӣ, моро лозим аст бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ҳимояи марзу бум ва манфиатҳои Ватани азизамонро аз рукнҳои муҳимми зиндагии пурифтихори худ дониста, фарзандонамонро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Ба дарки ин маъни расем, ки марзи воқеии номуси мо ин марзи Ватан аст.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама сокинони сарбаланди вилояти Хатлон муборак бод!

22.02.2019, шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg