БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табрикоти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони кишварро ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Дар воқеъ, ҷавонони имрӯза, ки насли зодаи Истиқлолият мебошанд, бо саҳми арзандаашон дар рушду инкишофи ҳамаи самту соҳаҳои ҳаёти кишвар худро ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат ва ҳомиёни боэътимоди марзу буми Ватан муаррифӣ намуданд.  Ҷавонони тоҷик бо масъулияти тамом дарк мекунанд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони бонангу номус мояи ифтихору сарбаландист.

Дар робита ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштаанд: “Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд”.

Мо ҷавонон – Созандагони Ватан низ дар навбати худ ифтихор аз он дорем, ки дар роҳи ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои  миллӣ пайравони воқеии Пешвои миллат ҳастем ва тамоми талошу кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем, то ба ин бовариву эътимоди бузург сазовор бошем. Дар ин роҳи пурмасъулият ба кулли ҷавонони бошарафи Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорем

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони саодатманди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол муборак бод!

22.02.2019, шаҳри Душанбе

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg