БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар фазои тантанаҳои шодию сурури Тоҷикистон дигар ба дассисаҳои наҳзатиён ҷой нест!

ВОКУНИШ. Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби ҳизббозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандози гардидани «бозсозӣ» (перестройка) оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи Ҳизби наҳзати ислом фаро гирифт.

Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоӣ “шаҳидон” оғоз карданд, ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ дар кишвар оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо буд, ки баъзи минтақаҳои Тоҷикистон ба майдони набардҳои бародаркушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони кишварро ба Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ фирорӣ намуд.

Имрӯз Точикистон он давлати солҳои 1992 нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Точикистон камари мардӣ мебанданд, намегузоранд то давлат нобуд шавад.

Имрӯз раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, террорист будани худро бори дигар исбот намуда истодааст. Нафароне, ки мардуми осоиштаро ба ҳаргуна роҳҳои ифротӣ ва давлати соҳибистиқлолро пароканда менамояд, чунин шахсонро сиёҳдил, кинадор, иғвогар, яъне террорист  мегӯянд. Ин гуна ашхосон ҳаргиз ба ҳадафи худ нахоҳанд расид.

Ин  гурӯҳи нохалафон ба ном «наҳзатиён» «паймони миллӣ»-ро таъсис доданду, мехоҳанд вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҳар роҳу восита ногувор намоянд. Онҳо андешаи онро надоранд, ки ҳаводиси имрӯзаи ҷаҳонӣ, экстремизму терроризми имрӯз чӣ қадар нобасомониҳоро ба миён оварда истодааст. Бо як мисоли оддӣ собит намудан мумкин аст, ки натиҷаи ҷанги шаҳрвандии давлати Сурия дар давоми чанд соли охир зиёда аз 220 ҳазор нафар сокинонро ба ҳалокат расонида, кишварро ба хушксолӣ дучор намуда, зиёда аз якуним миллион нафар мардуми ин кишварро бехонаву бедар намуда, ба гуруснагӣ дучор намуд.

Магар ин рақамҳо шоҳиди он шуда наметавонанд ба он нафарҳое, ки мехоҳанд вазъияти ороми Тоҷикистони ободи моро ногувор созанд.

Кулфату шиканҷае ки ба сари мардуми мо солҳои 90-ум омада буд кифоя аст. Тоҷики баномус, рушанфикр, тоҷике, ки ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф нест, хеч гоҳ ба ту барин ватанободкунҳо намепайвандад.

Беҳтар он ки Кабирӣ ба кардаҳояш як назар афканад. Бубинад, ки чӣ кор аз дасташ омадааст ба ғайр аз гапу калочаи бемаънӣ ва дурӯғу фитна дигар ҳеҷ чиз нест. ӯ бо ин кораш танҳо ба чашмони хоҷагони маблағгузораш хок мепошаду халос.

Оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқамон аз сулҳ оғоз гардидааст. Зери калимаи сулҳ мардуми тоҷик соҳибихтиёрӣ, демократӣ, дунявӣ ва ягонагиро дар Тоҷикистони азизаш мебинад. Зеро, ки сулҳ ин ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ба даст омадааст ва барои нигоҳ доштани он, ки асоси пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон мебошад, бояд ҳаматарафа мубориза бурд. Ҳаргиз намегузорем, ки душманони миллати соҳибтаъриху фарҳангсолори тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасанд. Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои нопоки Кабирӣ ва Паймони дурӯғини ӯ амалӣ намешаванд. Дар фазои ороми Тоҷикистони биҳишосои мо дигар ҳеҷ кас ба саҳнасозиву дассисабозии Кабирӣ гӯш намедиҳад!

          

Атавуллоева Зебунисо, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲҲДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg