БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – модели худбаҳогузорӣ, худхулосабарорӣ, худмақсадгузорӣ ва худтатбиқнамоии ҷавонон дар раванди расидан ба муваффақиятҳои назаррас дар асри XXI

АНДЕША. Дар асл Паём - пайғомест барои ояндаи дурахшон. Бо ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат -Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат инъикос гардиданд.

Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон, воқеан дастурамали мукаммале мебошад, ки асри навин нисбати ҷавонон, дар назди давлатҳои ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷмӯи талаботҳоеро гузоштааст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон ҳадафҳои созандаи худро маҳз ба талаботҳои асри XXI  мутобиқ гардонида истодаанд.

Пешвои муаззами миллат аҳолии кишвар, хусусан мо ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон такрор ба такрор оид ба талаботҳои асри навин нисбат ба дониш, малака ва маҳорат, ҳушдор намуда, пайваста таъкид менамоянд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда, ҳавасмандгардониҳои зиёде бевосита аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳандозӣ гардидааст, ки ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” барои олимону муҳаққиқони ҷавон, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, стипендияи Президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони болаёқат, квотаи Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияҳои дурдасти мамлакат аз зумраи онҳост.

Тамоми  ҳавасмандгардониҳо,  аз он ҷумла бунёди муассиса ва марказҳои омӯзишӣ, шароитҳои муосири таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот  дар раванди тақвиятбахшӣ ба нерӯи зеҳнии ҷавонон ҳамчун сармоя хизмат менамоянд. Дар заминаи сиёсати дурандешона ва дар асл ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ҷавонони Тоҷикистон тавонистанд дониш, малака ва маҳорати худро чун ҷавонони як гӯшаи сайёра ва қобилиятҳои беназири зеҳнидошта инъикос намоянд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модели ҷавонону наврасонеро, ки дар асл метавонанд ояндаи дурахшони давлатро таъмин намоянд, зимни ироаи Паём пешниҳод намуданд. Мутобиқи масъалагузориҳои Пешвои миллат дар Паём, ҷавононе, ки донандаи якчанд забон ва татбиқи онҳо зимни истифодабарии техника ва технологияи муосири иттилоотиву телекоммуникатсионӣ, дорандаи донишҳои мукаммали замонавӣ ва сатҳи баланди  касбӣ, руҷӯъмандӣ ба ихтирооткориву навоварӣ, соҳибкории инноватсионӣ ва ҳунармандӣ ҳастанд, рақобатпазиртарин ҷавонон дар бозори озоди меҳнат ҳамчун нерӯи эътимодбахшу ояндадор дониста мешаванд.

Дар заминаи масъалагузориҳои Паём бори дигар имкониятҳое, ки  ба  мо ҷавонон фароҳам гардидаанд ба пуррагӣ инъикос гардид. Акнун ҷавони тоҷик медонад ва эҳсос менамояд, ки он қобилиятеро ҷавонони давлатҳои пешрафта дар ихтиёр доранд  ӯ  ҳам дорад ва метавонад ҳамзамон ихтирооте намояд, соҳиби якчанд ҳунар гардад, якчанд забонро аз бар намояд, лоиҳаҳои инноватсионии худро муаррифӣ созад, донишҳои замонавиро аз бар кунад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин маром, пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, малака ва маҳорати айни замондоштаи худ баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ намуда, бобати тақвият бахшидани онҳо модели худмақсадгузорӣ ва худтатбиқнамоӣ бояд таҳия намояд. Худбаҳогузорӣ ба сатҳи дониш, малака ва маҳорат, худхулосабарорӣ, таҳияи  модели худмақсадгузорӣ ва худтатбиқнамоӣ барои ҷавонон омили муҳиме ҷиҳати расидан ба дастовардҳои беназир мегардад. Мавриди зикр аст, ки масъалагузориҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, дастурамали мукаммал ҷиҳати худбаҳогузорӣ ба сатҳи дониш, малака ва маҳорат, худхулосабарорӣ, таҳияи модели худмақсадгузорӣ ва худтатбиқнамоии ҷавонон дар раванди расидан ба муваффақиятҳои назаррас дар асри XXI ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба мақоми олии қонунгузори кишвар  – Маҷлиси Олӣ, бо эътимоди зиёд нақши созандаи ҷавононро дар пешрафти соҳаҳои гуногун, таъмини амният, ҳифзи сарҳад, волоияти қонун таъкид намуда, ба мо ҷавонон миннатдории самимии худро баён доштанд, ки мо ҷавонон дар ҷавоб ба эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорем.

Шиори мо: “Мо ҷавонон – пайравони Пешвои миллатем!”

Суҳроб ТОИРЗОДА,  мутхассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg