БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди созандагии мо вобаста аст!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хифзи муҳити зист»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Сараввал Асоев Хизирдин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа намуда буданд, муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳукумати кишвар ба иҷтимоиёт хусусан ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаи тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона кардааст.

Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр дар доираи иҷрои қисмати Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" дар тоза кардани гирду атрофи бино, нарм кардани замину бехи гулҳои ороишӣ саҳм гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg