БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар асоси дастуру супоришҳои Паём корро ба роҳмемонем

ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи корӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и  деҳаи  Дӯстии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо оид ба  аъзои ҲХДТ фаҳмонида додани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар назди ҳозирин, ки аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷамъ омада буданд, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сайҷалол Сатторов баромад намуда,   бандҳои Паём ва дастуру супоришҳое, ки аз он бармеояд, дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи  нерӯи барқ, роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, зарурат ва аҳамияти риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ,  истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир,  роҳҳои мубориза ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия,  пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ВИЧ/СПИД, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботҳи қонунҳои миллӣ ва дигар мавзӯъҳои таваҷҷуҳи назари шунавандагон ба таври муфассал маълумот дод.

Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Сайвалӣ Раҷабов,   аъзои ҲХДТ  Аминҷон Амирсаидов,   Орзу  Убайдов ва дигарон баромад намуда,  қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду такоммули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дарбар гирифтааст. Он ҳамчун барнома ва роҳнамо барои ҳар як сокини мамлакат хизмат менамояд.  

Ҳамчунин афзуданд, ки баробари фаро расидани рӯзҳои офтобӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҳашар баромада, роҳ, хатҳои оби ошомиданӣ,  таъмири ҷории муассисаи таълимӣ ва дигар корҳои деҳадориро дар якҷоягӣ ба иҷро мерасонанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg