МӮЪМИНОБОД.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи маориф»-и ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода ва раиси ташкилоти ҳизбӣ М. Каримов иштирок дошта, дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои аз Паём бароянда ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.