БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эътимоду боварии мардум ба ҲХДТ дар маҳал зиёд гардида истодааст

БОХТАР. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Ваҳдат вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ба ҳисобгирӣ ва ташкилӣ Исоев Фаррух иштирок ва сухнаронӣ карданд.

Аз ҷулма дар рафти баромади хеш Асадуллозода Ватан доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша карда,  афзуд, ки Паёми Пешвои миллат дастури солонаи тамоми мардуми кишвар буда, моро лозим аст, тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои дар амал татбиқ намудани он равона созем.

Дар идома ба як гурӯҳ истиқоматкунандагони маҳаллаи Ваҳдат билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg