БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –нерӯи бузурги пешбаранда дар дар даврони соҳибистиқлолӣ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузориии хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Сафарӣ» бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Фароғат Назарова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Фароғат Назарова дар баромадаш қайд кард, ки аъзои ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва шукуфоии кишвар гузошта истодаанд.  ҲХДТ  дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад.  Он дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо риояи қонунҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳо фаъолияти судмандро ба роҳ мондааст.                                                                                                                                                                                                                                            

Инчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, азҷумла соҳаҳои ҳаётани муҳими тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд,  ёдоварӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg