БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Артиш миллӣ– пояи боэътимоди давлат!

КӮЛОБ.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483д чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Артиш миллӣ – пояи боэътимоди давлат!” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева  Саъбагул, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, директори телевизион ва радиои Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, Исмоилов Сайфулло  раиси Иттиҳоди ҷанговарони интернатсионалистони минтақаи Кӯлоб, муовини камандири баталён оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ дар қисми низомии 13483д, полковник  Амиршоев Саидаҳтам ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳузур доштанд.

Ҳозирин аз ҷузъу томҳо ва шарту шароити қисми низомии мазкур дидан намуда, сипас бо сарбозону афсарон мулоқот доир карданд.

Иштирокдорон зимни баромадҳои худ қайд доштанд, ки 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид ва санаи 23-юми феврали соли 1993 ба гузаштани аввалин паради ҳарбӣ ин рӯз Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Имрӯзҳо чун ба фаъолияти артиш менигарем, бори дигар ба натиҷае мерасем, ки маҳз ҷонбозиҳову сарсупурдагиҳои фарзандони фарзонаи миллат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тамоми нерӯҳои носолиму  ҷудоиандоз саркӯб шуда, Тоҷикистонро накҳати сулҳу осудагӣ фаро гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат изҳор гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ қодир аст аз марзу буми Ватан ва Истиқлолияту якпорчагии кишвар садоқатмандона ҳимоя кунад.

Бо роҳандозии қисмати фарҳангӣ аз ҷониби аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”, донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов чорабинии мазкур ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg