БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – ин зиндагии шоиста ба мардум аст

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии коммуналӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” баргузор гардид, ки дар он  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои ташвишовари терроризму экстремизм суханронӣ намуд.

Инчунин, Ваҳобиддин Абдуллоев дар суханронии худ оид ба роҳҳои  амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, дар амал татбиқ кардани мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб мебошад. Аз ин лиҳоз  ҳар як фарди бедордилро месазад баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона талош намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg