БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкори мароми мост!

Ҷ.БАЛХӢ.Мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ ва Муҳоҷират»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар иштирок намуд.

Зимнан Алиев Зафар дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, андешаҳои хешро баён карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан вазифаи ҳар як шаҳрвандӣ бедордил мебошад. Инчунин, дар идомаи суҳбат оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg