БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг шаҳсутуни ҳастии миллат аст

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории хониши сиёсӣ баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, аз ҷумла зиёд гардонидани малакаи касбии мутахассисони соҳаи фарҳанг дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   дар дар назди ҷамъомадагон  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  роҳандозии корҳои созанда дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», эҷодкориву навоварӣ, огоҳонидани сокинон  аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи  худшиносии миллӣ андешаронӣ намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ  Ҳасанов Ҷурахон дар якҷоягӣ бо мутахассисон зикр карданд, ки мо фарҳангчиён иқдоми созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дастгирӣ намуда, дар пешбурди рушди кишвар  ҳамаҷониба саҳмгузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg