БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК махсусгардонидашудаи гидроспетсстройи ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар он Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Шамсиддинов Хуршед раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Себистон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, атрофи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ, ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, терроризм ва ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳадафҳои стратегии кишвар суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg