БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳомиён дар ҳифзи номусу нанги Ватан саҳми назаррас доранд

БОХТАР. Софии осмони Тоҷикистон, шикастнопазирии сарҳади давлатӣ, тинҷию амонии сокинони мамлакат ва ваҳдату ягонагии миллатҳо Тоҷикистон аз  афсарону аскарони шуҷои Ватан ва махсусан аз сарҳадбонони далер вобастагӣ дорад,  иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Тавакал Наҷидуллоев дар вохӯрӣ бо сарбозону аскарон.

Бахшида ба 26 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар Раёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрӣ бо афсару сарбозони ин ниҳод доир гардид.

Дар он раиси Кумттаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва кормандони масъули он,  директори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар Раҳмонзода Файзалӣ ва ҳунармандону саъаткорони маркази фарҳангии ҷавонон иштирок доштанд.

Дар рафти вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоевт Тавакал ҳозиринро ба муносибати 23 – феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар бораи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, содиқона хизмат намудан ба Ватан суханронӣ намуд.  Аз ҷумла гуфта шуда, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошу пофишориҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бениҳоят душвор таъсис ёфтааст.

Аз ҷонибинӣ Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Бохтар ба як гурӯҳ сарбозону афсароне, ки дар хизмати ҳарбӣ одоби намунавӣ доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир санъаткорон бо барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири афсарону сарбозонро шод намуданд.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg